БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-ОММАВӢ БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Таҳти ҳамин унвон рӯзи 19 декабри соли 2022 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022, №16/10-43 дар доираи Консепсияи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ коференсияи илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Дар конференсия муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, сардорони раёсату шуъба, роҳбарон ва кормандони эҷодии зерсохторҳои вазорат ва донишӯёни факултетҳои забону адабиёти донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Сафарзода Давлат Шариф зимни суханронии хеш вобаста ба шоҳасари оламшумули мутафаккири барҷастаи адабиёти классики тоҷику форс “Маснавии Маънавӣ” андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин асари безавол бо теъдоди даҳ ҳазор нусха рӯи чоп омад ва ба дасти хонандаи хеш расид.
Ҳамзамон, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Мирализода Раҳмоналӣ., Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, шоир ва муҳаққиқи осори Мавлоно, номзади илмҳои филология Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзӯъҳои “Мавлоно дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат”, “Ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар фарҳанги умумибашарӣ”, “Мавлоно дар ойинаи муҳаққиқони Ғарб” ва “Дунявият дар осори Мавлоно” маърӯзаҳо эрод намуданд.