Сайёҳон ба воситаи аудиошунавоӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мешаванд

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд- Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аввалин аудиоспектакл-променад (намоиши садоии сайёр) барои меҳмонону сайёҳон дар доираи лоиҳаи «Эхо Хуҷанда» муаррифӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Мақсади асосии татбиқи лоиҳа, рушди соҳаи фарҳанг ва ба сокинону сайёҳон бо роҳи наву ҷолиб муаррифӣ намудани мероси қадимаи халқи тоҷик мебошад.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Равобит» таҳия ва амалӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки меҳмонону сайёҳон имкон доранд, ҳамарӯза аз соати 10:00 то 18:00 бо истифодабарии таҷҳизоти аудиошунавоӣ аз манзараҳои ҷолиб тариқи тасвири зинда бо симои қадимаи шаҳр ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гарданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов иброз дошт, ки «сайёҳону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ҳангоми омадан ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд имкон доранд, ки бо гӯш кардани нақли пуртаъсир аз дирӯзу имрӯзи шаҳр, ки бо коркарди мусиқӣ омода шудааст, маълумот пайдо кунанад. Муҳтавои он барои аудиторияи васеъ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрасу фаҳмо буда, арзиши таърихиву омӯзишӣ низ дорад».

«Дар оянда нақша дорем, ки аудиоспектаклро бо забонҳои чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва узбекӣ низ тарҷума карда, барои сайёҳон пешниҳод кунем»,-афзуд номбурда

Ёдовар мешавем, ки аудиоспектакл-променад яке аз жанрҳои театриест, ки иштирокчии асосии он худи тамошибин мебошад. Он солҳои 2000 дар Аврупо пайдо шуда, дар мамлакатҳои Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Италия серистифода аст. Имсол маротибаи аввал он дар Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муаррифӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE