Соли 2023 миёни Тоҷикистон ва Чин хати ҳавоӣ ифтитоҳ меёбад
Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Лоиҳаи кушодани хати ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра ба анҷом мерасад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия».
16 декабр оид ба ҳолати кунунии Лоиҳаи кушодани хати ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Чин бо иштироки муовинони Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва намояндагони ҳайати Чин ба таври маҷозӣ ҳамоиш сурат гирифт.
Дар ҳамоиш масъалаҳои техникӣ ва насби таҷҳизоти авиатсионӣ баррасӣ ва корҳои анҷомдодаи ҳарду ҷониб рӯнамоӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар айни замон насби таҷҳизоти аэронавигатсионӣ идома ёфта, барои хати лоиҳаи мазкур системаи ADS-B то охири соли 2022 муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 11000 метр мавҷҳои таҷҳизот минтақаи парвозӣ ва ҳатто 65 км берун аз хати сарҳади давлатӣ фазои Ҷумҳурии Мардумии Чинро низ идора хоҳанд кард.
Инчунин дар ин давра бояд таҷҳизоти нави DME/DME, системаи назоратии MLAT, таҷҳизоти бурдани алоқаи барқии авиатсионӣ ва якчанд системаҳои ҳозиразамон насб карда шаванд. Ин таҷҳизот хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар ин минтақа пурра таъмин менамоянд.