Миёни Тоҷикистон ва Кувайт нахустин парвоз ба роҳ монда мешавад

29 декабр миёни Тоҷикистон ва Кувайт нахустин парвоз ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати ҳавопаймоии кувайтии «Ҷазира Эйрвейз» («Jazeera Airways») 29 декабр нахустин парвози худро аз рӯи хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт анҷом медиҳад, ки иқдоми навбатӣ дар ҷодаи фатҳи самтҳои нави парвоз ва мусоидат ба иртибот миёни мардумон мебошад.

Ҳавопаймо бояд соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ фуруд омада, пас аз 1 соату 30 дақиқа боз ба самти Кувайт баргардад.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи парвозҳои мустақим бо кишвари рушдкардаи халиҷ — Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE