Эмомалии Нуралӣ дар аввалин қувваозмоии худ дар мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» мағлуб шуд

 20 декабр, дар рӯзи якуми мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» оид ба дзюдо, варзишгарон дар вазнҳои 60 ва 66 килограмм рақобатҳоро оғоз карданд. Дар вазни то 66 килограмм ягона намояндаи Тоҷикистон (дар ин вазн) дар мусобиқаи мазкур Эмомалии Нуралӣ (ДАР АКС) дар нахустин қуввасанҷӣ аз Реда Седдукии 24- сола аз Фаронса бо 3 огоҳӣ дар вақти тиллоӣ мағлуб шуда, аз ҳуқуқи идомаи мусобиқа бенасиб монд. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Реда Седдукии фаронсавӣ ба даври дуюм роҳ ёфт ва бо варзишгари мизбон Баруч Шмаилов сабқат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо «Jerusalem Masters 2022», рӯзҳои 20-22 декабр дар доир мегардад.

Тоҷикистонро дар охирин мусобиқа оид ба ҷудо дар ин мавсим Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд. Аллакай мусобиқа барои Эмомалӣ бебарор анҷом ёфт. Комроншоҳ ва Темур дар рӯзӣ охир рақобатро оғоз мекунанд. Комроншоҳ бо Лаша Беккаури (Гурҷистон), Темур Раҳмов – бо ғолиба ҷуфти Вито Драгич (Словаения)–Ричард Сипож (Маҷористон) қувва хоҳанд озмуд.

Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» номнавис шудаанд. Онҳо дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ сабқат доранд.

Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати соҳиб шудан ба роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.

АКС: ТВ «Варзиш»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE