Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) чемпионати CAFA-2025-ро бо пирӯзӣ бар тими Афғонистон оғоз кард

 Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20)-ро, ки 10 июн дар Ҳисор шуруъ гардид, бо пирӯзӣ оғоз намуд.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон  дар оғози мусобиқот дар гурӯҳи «А» бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Тими ҷавонони Эрон дар гурӯҳи «В» бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюм 12 июн дар Варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE