Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон суҳбати елефонӣ анҷом дод

4 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

С. Мухриддин М. Нуртлеуро ба муносибати роҳбари мақомоти корҳои хориҷии Қазоқистон таъйин гардиданаш самимона табрик карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо орзу намуд.

Зимни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва омодагӣ ба тамосҳои сатҳи олӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфтугӯ дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE