Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии* кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон мегузарад

Ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти пенитенсиарӣ* (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст, ки моҳи июли имсол дар Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ доир гардад. Дар ин бора зимни ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон оид ба самтҳои ҷории фаъолияти Шӯрои роҳбарони муассисаҳои ислоҳии кишварҳои узви ИДМ, ки 29 март тавассути видеоконфронс дар қароргоҳи ИДМ, воқеъ дар Минск баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ иштирок доштанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ маълумоти намояндагони Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Федератсияи Русияро оид ба масъалаҳои таъмини иттилоотии ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шуниданд.

Ҳамчунин аъзои гурӯҳи корӣ мавзӯи мубориза бо паҳншавии ғояҳои терроризм ва экстремизмро дар муассисаҳои ислоҳотӣ баррасӣ намуданд. Зимни баррасии ин масъала иштирокчиён ба нақши афзояндаи чораҳои мубориза бар зидди паҳншавии ғояҳои терроризму ифротгароӣ дар муассисаҳои ислоҳотӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки ин масъала соли 2022 ба баррасии Шӯрои роҳбарони хадамоти иҷрои ҷазо* пешниҳод карда шавад.

__________________________

*Хадамоти пенитенсиарӣ (ҷиноятӣ-иҷроӣ)  аз калимаи лотинии poenitentia «пушаймонӣ» гирифта шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи маҷбуркунандаи давлатиест, ки барои иҷрои ҷазоҳои ҷиноятие, ки тибқи қонун ба шаҳрвандон таъйин карда мешаванд, масъул аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE