МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ АЗ РӮИ УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА». Дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи якум шуд

 Дар марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишии футбол аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа», ки аз 22 то 24 декабр доир гардид, мақоми якум ба дастаи вилояти Суғд, ҷойи дуюм ба дастаи вилояти Хатлон ва зинаи сеюм ба дастаи ноҳияҳои тобеи марказ дода шуд. Дар ин бора аз Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он ҳафт дастаи ғолиби даври минтақавию шаҳрӣ ва вилоятӣ дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва ноиби Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 45 ҳазор сомонӣ- ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, мақоми дуюм- 15 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм- 10 ҳазор сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE