Пойтахти Тоҷикистон мизбони Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба футбол мегардад

Дар Душанбе Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба футбол миёни занон баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA).

Тибқи иттилои созмон, бозиҳо миёни дастаҳои мунтахаби занона се ҳафта идома ёфта, аз 6 то 21 июл баргузор мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии пойтахт ҷараён мегиранд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ тимҳои Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) буда,  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ футболро назорат мекунад. Он 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман аз 9 январи соли 2015 ба фаъолият шуруъ кардааст. Ба он федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомил буда, то миёнаҳои соли 2015 Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ном дошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE