Дар вилояти Суғд Рӯзи марзбонон таҷлил карда шуд
Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи мавҷудият ва дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини ҳифзи марзу буми мамлакат ва амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст. Чунин гуфта шуд зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо афсарону сарбозони яке аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ашт.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки раиси вилоят марзбононро ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд.
Таъкид гардид, ки имсол ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии
Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ мебошад, 30 сол пур шуд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони бонангу номус марзҳои давлати соҳибихтиёрамонро бо сари баланд ҳимоя менамоянд.
Дар фарҷом барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, инчунин ба қисмҳои низомии мустақар дар вилояти Суғд кумаки моддӣ расонида шуд.