Ба Академияи миллии илмҳои Қазоқистон мақоми давлатӣ баргардонида шуд
Академияи миллии илмҳои Қазоқистон ба ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратӣ (ҶСҒ) бо иштироки садфоизаи давлатӣ дар оинномаи сармоягузорӣ табдил меёбад. Дар робита ба ин аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон қарори дахлдор гардид, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба хадамоти матбуоти роҳбари Девони вазирон.
Самтҳои асосии фаъолияти ҶСҒ «Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон» чунин муайян карда шудаанд:
-ҳамоҳангсозии таҳия ва нашри ҳисоботи солонаи миллӣ оид ба илм;
-ҳамоҳангсозии омодагӣ ва гузарондани тадқиқоти дурнамодор оид ба инкишофи илм;
– гузаронидани озмунҳо барои дарёфти ҷоизаҳои номӣ ва стипендияҳо дар соҳаи илм;
-гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника;
– нашри маҷаллаҳои илмӣ, иштирок дар рушди ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ;
— иштирок дар оммавӣ гардонидани илм ва ғайра.
Маблағгузории фаъолияти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар доираи маблағҳои буҷетии ҷудошуда амалӣ карда мешавад.