Покистон: Бунёди парки обӣ барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ

Бемории ҳамагири Коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон зарба зад. Бо хуруҷ намудани ин бемории сироятӣ тамоми давлатҳо маҳдудиятҳои карантинӣ ҷорӣ намуда, марзҳои худро ба муддати муайян бастанд. Тавре ки расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба маълумоти ташкилотҳои саёҳӣ хабар доданд, дар ин муддат сатҳи ташрифи саёҳон ба кишварҳои саёҳӣ коҳиш ёфт.

Ҳоло бархе аз кишварҳои ҷаҳон талош доранд, ки имкониятҳои саёҳиро зиёд намуда, дубора марзҳои худро барои саёҳон боз кунанд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии  Покистон бо вуҷуди вазъи ногувори ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки соҳаи саёҳиро дар кишвар рушд диҳад. Тавре ки расонаҳои маҳаллии Покистон иттилоъ медиҳанд, дар шаҳри Гвадари ин кишвар ҷиҳати рафъи камбуди ҷойҳо барои қабули сайёҳон аввалин парки обӣ ва осоишгоҳи стандартии байналмилалӣ сохта мешавад.

“Сайёҳӣ дар Гвадар на танҳошуғл, балки як тамоюласт. Дар ин ҷо соҳилҳои экзотикӣ, ҷойҳои зебои ғуруби офтоб, ҷазираҳо, биёбонҳоитиллоӣ, Боғи миллии Ҳингол, Марин Драйв ва ғайра мавҷуданд”, – иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба маълумоти мақомоти маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, парки обӣ ва осоишгоҳ бо номи “The Resort” сохта мешавад ва аз ҷониби як ширкати туркӣ тарҳрезӣ шудааст. Ба ин минтақаи сайёҳии Покистон сафарҳои экскурсиявӣ ташкил карда шуда, инчунин дар он чорабиниҳои сершумори миқёси байналмилалӣ пешбинӣ карда мешаванд.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE