Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори “Панҷшанбе”

Бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии “Панҷшанбе” боздид кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни боздид мушоҳида гардид, ки дар бозори марказии шаҳри Хуҷанд маҳсулоти озуқаворӣ фаровон буда, аксари маводи ниёзи аввал истеҳсоли дохилӣ мебошад. Ба талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозор тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд буда, сокинон маводи зарурии худро харидорӣ мекунанд. Раиси вилоят аз растаҳои гуногуни бозори “Панҷшанбе” боздид карда, ба масъулини мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон дастур дод, ки аз ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулот дар шабу рӯзҳои солинавӣ ҷилавгирӣ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE