Фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ширкати “IRS”: Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дошта, шаби гузашта дар чанд қитъа, аз ҷумла километри 156 тарма фаромад. Вобаста ба ҳолати мазкур фаврӣ тадбирандешӣ шуда, дар муддати бениҳоят кӯтоҳ онҳо бартараф гардиданд.Ҳоло роҳ кушода буда, барои гузариши фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ( аз 1 то 3 соат) ҷорӣ шудааст. Бароятон роҳи сафед орзумандем!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE