Бандари Шанхай дар соли 2022 аз ҳама бандари сербортарини контейнерӣ дар ҷаҳон гардид
Бандари Шанхай дар соли 2022 сарфи назар аз эпидемияи коронавирус бори 13-ум бандари сербортарини контейнерӣ дар ҷаҳон гардид. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, маълумоти танзимгари бандарии Shanghai International Port Group (SIPG) чунин мебошад.
Зикр карда мешавад, ки дар соли 2022 гардиши контейнерии бандар аз 47,3 миллион контейнер дар эквиваленти 20 — фута (TEU) зиёд гардид. Бандар кори муттасили Маркази байналмилалии боркашонии Шанхай ва инчунин устувории занҷирҳои истеҳсолӣ-фурӯши ҷаҳониро таъмин намуд.
Пас аз сар задани эпидемия дар семоҳаи дуюми соли 2022 гардиши контейнерии бандар дар моҳи июл ба барқароршавии босуръати V-шакла расид ва дар як моҳ ба миқдори рекордӣ 4,3 миллион контейнери TEU коркард шуданд.