Авҷи бемориҳои шадиди роҳи нафас. Чӣ бояд кард?

Бемориҳои шадиди роҳи нафас як гурӯҳ бемориҳое, ки онҳоро бемориҳои зукоми (ОРЗ) низ меноманд. Бемориҳои шадиди роҳи нафас  сабабҳои бисёр дошта, нишонаҳояшон ба ҳамдигар монанд мебошанд. Бемориро вирусҳо, хламидияҳо, микоплазмаҳо ва бактерияҳо меангезад. Бемориҳои зукомии пайдоишашон муштарак низ мавҷуданд (вирусиву бактериявӣ, вирусиву микоплазмавӣ). Хусусан бимориҳои зукомии вирусӣ ва микоплазмавӣ бештар дучор меоянд. Онҳо дар байни бемориҳои одам ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Масалан грипп, парагрипп, амрози аденовирусиву риновирусӣ.

Мувофиқи маълумоти расмӣ соле тақрибан 40 млн нафар одам ба грипп ва дигар бемориҳои шадиди роҳи нафас  гирифтор мешаванд.
      Одамони солим, вале ҳомили вирус ангезаҳои бемориро бисёр паҳн намекунанд. Сироят асосан тавассути зарраҳои дар ҳаво вуҷуддоштаи оби даҳон (ҳангоми сулфидан, атса задан, нафас гирифтан) ба вуқуъ мепайвандад. Бемори гоҳо ба таври эпидемия рух медиҳад. Бемориҳои шадиди роҳи нафасро тақрибан  200 хели ангезандаҳо ба вуҷуд меоранд, ки бештари онҳо мансуби вирусҳо мебошанд.              

Аломатҳои беморӣ ба якдигар шабоҳат доранд. Вале масуният (иммунитет)- и ҳосилшуда ба чи гунагии  беморӣ вобаста аст. Як нафар мумкин аст дар давоми сол 5 – 7 маротиба ба бемории номбурда  гирифтор шавад. Ин ҳолат бештар дар муассисаҳои атфол (мактаб ва кӯдакистонҳо) ба назар мерасад. Сабаб дар он аст, ки бемори ҳар дафъа бар асари ангезандаи (серотипи) нав ба вуҷуд меояд.
         Барои муолиҷаи бемориҳои шадиди роҳи нафас  антибиотикҳо ва дигар доруҳои кимиёвӣ натиҷа намедиҳанд, чунки онҳо ба вирусҳо таъсир намерасонанд. Антибиотикҳоро ҳангоми бемори ангезаашон бактерияҳо (фарингити стрептококки), микоплазмозҳо, ҳамчунин дар мавриди оризаҳои микробӣ (отитҳо, синуитҳо, пневманияҳо) метавон таъин кард. Мариз асосан дар хона табобат меёбад. Бинобар ин ӯро ҷудо нигоҳ дошта, косаву табақро бо буғ обпар кардан лозим аст.

Гулрухсол  Талбова

Садои  Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE