Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо Аҳмет Бурак
4 январи соли 2023 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо роҳбари Дафтари сармоягузории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Бурак Дағлиоғлу баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.