Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.

Ба имзо расидани бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ дар назар аст.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE