Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
5 январи соли 2022 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин сардорони шуъбаҳои вазорат баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур натиҷаи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022, масъалаҳои нақшаи фаъолият барои соли 2023 ва дигар мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи ҷаласа Нақшаи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 тасдиқ шуда, аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.
Ҳамчунин, дар ҷамъбасти кори ҷаласа вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа супоришҳои мушаххас дод.