Варзишгари тоҷик Фируз Шамсуддинов бо медали тилло ба Ватан баргашт

Варзишгари тоҷик Фируз Шамсуддинов дар Чемпионати Осиё оид ба армрестлинг соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба армрестлин аз 23 то 30 апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, ки дар байни даҳ давлат ҷойи аввал насиби мураббии Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ аз намуди дастхобонии «Искандарӣ» Фируз Шамсуддинов гардид.

Варзишгар 5 май ба шаҳри Хоруғ баргашт ва ӯро дар даромадгоҳи шаҳр муовини раиси шаҳри Хоруғ Носир Суризода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Кишвар Амришоев, директори мактаби варзишии шаҳр Азизмамад Айдармамадов ва дигар кормандони мактаби варзишӣ ва варзишгарон пазироӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE