Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ЭКО иштирок мекунад

Нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) аз 23 то 24 январи соли равон дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад. Дар он вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии 20 кишвари узви ЭКО аз давлатҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Покистон ва Туркия иштирок мекунанд. Дар ин бора хабаргузории УзА хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки дар нишаст иштирокчиён масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятнок, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ЭКО, бурду бохти ҳамаи самтҳо ва рушди ояндаи онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки нишасти қаблии Шӯрои муовинони вазирони корҳои хориҷии ЭКО 23 май соли 2022 дар шаҳри Теҳрон сурат гирифт. Дар доираи он Тошканд мизбони нишасти навбатии Шӯро эълон шуда буд.

Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як сохтори минтақавии байниҳукуматӣ буда, соли 1985 бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақа таъсис ёфтааст. Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноат мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE