САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Миллати куҳанбунёди тоҷик бо офаридаю кашфиёти маънавии гузаштагони номвараш пайваста дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор мегирад: 4-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Касанеаи Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои ғайримоддӣ ширкат варзиданд. 5-уми декабр дар ин иҷлосия номинаи мустақими Тоҷикистон – “Анъанаи атласу адрасбофӣ” ва 6-уми декабр бошад, номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон – “ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Моҳи декабри соли 2024 бошад, дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар ш.Асунсони Парагвай баргузор гардид, номинатсияи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Ўзбекистон “Санъати рубобнавозӣ ва рубобсозӣ” низ расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ шомил гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудани чунин шоҳкориҳои фарҳангии миллатамон, ҳамрадифи Шашмақом, Фалак, чакан…, ба болоравии имиҷи байналмилалии кишвари маҳбубамон мусоидат мекунад ва ин, албатта, мўҷиби ифтихори ҳар як ватандор аст.
Мерасонад муждаи фасли баҳор ҷашни Сада,
Қосиди сулҳофару нусратшиор ҷашни Сада.
Зиндагиро нур бахшад ҳиммати хуршедияш,
Шаш канора аз нигоҳаш файзбор ҷашни Сада.
Хуштарин ойини фарҳанги диёр ҷашни Сада,
Ёдгор аз мардуми олитабор ҷашни Сада.
Рамзи пирўзии ҳурмуз бар сари Аҳриман аст,
Ифтихори қавми бонангу баор – ҷашни Сада.
Муҳимтарин хусусияти менталитети миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ин аст, ки тайи ҳазорсолаҳо эҳсоси хушбинӣ ба зиндагонии бароҳату хушбахтона, эътимод ба ояндаи неку умедбахшро ҳатто дар мушкилтарин лаҳзаҳои рўзгор аз даст надод ва дар лобалои таърихи саршор аз шебу фарозҳо ҷашнвораҳое офарид, ки умри ҷовидона ёфтанду арзиши фаромиллӣ касб намуданд. Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнвораҳост, ки қарнҳои тўлоние ҷашн гирифта мешуд ва дар сатҳи шаҳриёрон ва мардуми оддӣ пазируфта шуда буд. Шоирони садаи 10 Манучеҳриву Унсурӣ ин ҷашнро «русуми кибор (бузургон), ойини Каюмарсу Исфандиёр, ҷашни мулук (шаҳриёрон)-и номдор ва ёдгор аз ҷамшеду Фаридун» донистаанд. Фарҳангшиноси шинохтаи тоҷик ҷонибек Асрориён дар навиштае барҳақ қайд мекунад, ки дар ҷашнвораҳое чун Сада, Меҳргон ва Наврўз мардум саъй мекарданд худро аз ботин ба некўӣ тағйир диҳанд, орзую ормонҳо кунанд, либоси навин ба бар намоянд, мусиқиву суруд биёфаранд, аз гузаштагон ёд кунанд.
Барои ҷашни Сада аҷдодонамон мавзеъҳои хос созмон медоданд. ҷашнгоҳҳо бо бозору раставу дўконҳо муҷаҳҳаз буданд. Дар парастишгоҳҳои аҳаммияти ҳарбиву тиҷоратӣ ва парастишидошта оташкадаҳо бунёд мекарданд. Масалан, дар соҳили рўди Вахш дар аҳди ҳахоманишиён истеҳкоме бунёд карда буданд, ки имрўз бо номи шартии Тахти Сангин маъруф аст. Дар маъбади ба эҳтироми Эзид Оахшо сохтаашон хамеша оташи муқаддас фурўзон буд. Мўбадон намегузоштанд, ки он лаҳзае хомўш шавад, бинобар ин, барои нигахдории оташ аловхонаҳо ва оташдонҳо месохтанд. Ақвоми ориёӣ ба ҳикмат асрори оташро дарёфтанд. Онҳо нахуст Офтобро чун мазҳари гармиву рўшноӣ арҷ гузоштанд ва оташро тимсоли он шинохтанд, ба рўшаниву гармӣ хосиятҳои муқаддасу писандидае пайвастанд.
Дар Рашту Дарвозу бисёр деҳоти Кўлоб мардумшиносон аловхонаҳои зиёде ёфтанд, ки то солҳои 30-и садаи гузашта барҷой буданд. Дар сармои зимистон дар ин аловхонаҳои дудхўрда аксаран мардон барои ибодату суҳбату ҳолпурсӣ аз ҳамдигар ҷамъ меомаданд. Барои мардуми Бадахшон низ оташдон ҷойи муқаддас, меҳроби хонадон дониста мешуд. Маросими сўгворӣ бо номи «Чароғравшан» аз гиромидошти ин унсури муқаддас аз ҷониби онҳо гувоҳӣ медиҳад. Аловхонаҳо дар куҳистони тоҷикон то густариши ислом вуҷуд доштанд.
Ба андешаи Абўрайҳони Берунӣ-яке аз бузургтарин мутафаккирони тоҷик, иди «Озарҷашн»-ро қадимиён оғози зимистон дониста, оташҳои бузурге дар хонаҳо меафрўхтанд ва Худовандро ибодату ситоиши зиёд мекарданд. Яъне ниёгони мо оташро намепарастиданд, балки ба он чун тимсоли Офтоби ҷаҳонафрўз эҳтиром мегузоштанд. Байти шоири тавоною ҳакими бузург Абулқосим Фирдавсӣ ба мо ҳамин маъниро мерасонад:
Магў, ки онҳо оташпарастон буданд,
Парастандагони пок Яздон буданд.
«Озарҷашн» ба рўзи нахустини чила рост меомад. Барои ин рўз меваи хушк-мавиз, анҷир, тут, зардолу, равғани зарду қурут, мосту шир омода мекарданд. Ба хотири нахустин шаб миёни каҳу каҳдарзаҳо дар ҷойҳои хосса анор, чилон, санҷид ва тарбузи чиллагӣ нигоҳ медоштанд, то рўйи дастурхон бигзоранд.
Сада бо тавлиди Офтоб, шаби Ялдо дар пайвастагист. Яъне метавон гуфт, ки Сада ҷашни чиллаи Хуршеди оламтоб аст. Анъанае дар мардуми мост, ки аз рўзи таваллуд то чиҳил рўз навзодро дар хона, дур аз чашми бад нигоҳ медоранд. Ва баъде ки хандонрў мешавад, пасон бо оташи Сада гарм мекунанд. ҷонибеки Асрориён – муҳаққиқи шинохтаи таърихи фарҳанги тоҷикон ба таъбири шоирона Садаро «гаҳворабандони Офтоби ҷаҳонтоб» номидааст.
Гузаштагони мо русуми ғалатӣ доштанд: рўзи ҷашнҳо дар бухориву сандалиҳо гарм мешуданду 7 шамъ меафрўхтанд, ғизоҳои аз рўйи мизоҷ гарми ҷашние, амсоли қурутоб, умоч, далда ва кашк мехўрданд. Дар ин рўз ба хонаи хирадмандон мерафтанд, бо ёрон машварату бо душманон оштӣ мекарданд. Духтарон дар матоъҳои сурху гулобии нишонаи оташдошта нақшу нигор медўхтанд, яъне меҳру самимият, ормони худро дар матоъ таҷассум мекарданд.
Дар арафаи Сада, ки «Баҳманҷана» ном дошт,бонувони тоҷик ба деги калоне аз ҳама рустаниву донагиҳо ва тухмҳову гўштҳои ҳар ҳайвоне андохта мепухтанду ба ҳар ҷое мефурўхтанд. Мардум баҳмани сурхро бо шири тоза мехўрданд ва муборак медонистанд. Мардон дар майдони калоне ҳезум чамъ оварда, ба он нафт мепошиданд ва гулхани калоне меафрўхтанд.
Сада паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният асту намунаи барҷастаи ҳикмати ҷаҳонтасхири ниёгони номвари мост. Ва боиси ифтихору фараҳмандии мост, ки бо ибтикору дастурҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҷашнвораҳои аҷдоди накўноми мо бо шарофати истиқлоли давлатиамон аз нав эҳё гардиданд ва ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии созмони бонуфузи ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Мардуми сарфарози мо онҳоро бо дилгармиву самимият ва хушҳолии беандоза ҳарсола ҷашн мегирад.
ҳайати эҷодии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷараёни таҷлили тамоми ҷашнвораҳои миллӣ, минҷумла Садаро, дар ҳар гўшаву канори Ватани биҳиштгунаамон дар сатҳи баланди касбӣ инъикос намуда, дар таҳкими сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи таҳсин мегузоранд.
Фирўз Каримзода,
сармуҳаррири
радиои “Садои Душанбе”,
Хуршед Бариев,
корманди радиои
“Садои Душанбе”