Имрӯз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

3 феврал Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08:30 дар ин Агентӣ доир карда мешавад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (кӯчаи Шодмонӣ, 58/1) баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» соати 10:00 дар Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар корхонаи мазкур доир мегардад.

КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) барпо менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE