КОБУЛ ВА НАНГАРҲОРИ АФҒОНИСТОН БОЗ ҲАДАФИ ТЕРРОРИСТОН ҚАРОР ГИРИФТ

Тибқи иттилои манбаъҳои хабарии Афғонистон бар асари рӯйдодҳои террористӣ ва қатлҳои ҳадафманд дар Кобул ва Нангарҳори Афғонистон се нафар кушта ва дувоздаҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Амалҳои нангини террористӣ рӯзи якшанбе 7-уми феврал ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора (tolonews.com) хабар медиҳад.  Ба нақли шоҳидон мошини хизматии Абдуллоҳ Осифӣ, роҳбари лоиҳаи TAPI  Вазорати маъданҳои Афғонистон дар микрорайони ҷаҳоруми шаҳри Кобул мавриди ҳамлаи ифротгароён қарор гирифт. Дар натиҷаи таркиши автомашинаи мазкур ронанда ва як ғайринизомии дигар маҷрӯҳ шуданд, аммо худи Осифӣ дар ин ҳодиса осеб надидааст. Ҳоидсаи дигар дар як автомашинаи «Corolla» дар минтақаи Арзон Қиматм Кобул ба вуқӯъ пайвастааст, аммо талафот дар пай надоштааст. Дар ду ҳодисаи ҷудогонаи Нангарҳор бошад як корманди полис кушта ва ҳафт нафари дигар, аз ҷумла се ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд.  Ҳамчунин дар ин вилоят  як посгоҳи амниятӣ ҳадафи ҳамлаи маргталаб қарор гифтааст ва дар натиҷаи таркиши автомашинаи муҷаҳҳаз бо маводи тарканда як корманди полис кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот ин ҳама амалҳои террористиро  бар дғши Толибон бор мекунанд. Аммо то ҳол масъулияти онро касе бар дӯш нагирифтааст.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE