Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд
Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири комилан нав, ки мухторияти донишгоҳро дар шароити феълии ҷомеа ифода мекунад, таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус 31 январ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 иброз дошт.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар якҷоягӣ бо Оиннома сохтори донишгоҳ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардидааст, тасдиқ карда шуд. Вобаста ба ин, шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 ҷиҳати ба талаботи оинномаи нав ва сохтори нав тасдиқгардида мутобиқ сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. То охири сол тамоми санадҳои донишгоҳӣ, аз ҷумла Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳ, низомнома ва дастурамалҳои вазифавии кормандони сохторҳои таркибии донишгоҳ таҷдид, таҳия ва бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ гардиданд.
Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки соли сипаригардида бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию илмӣ, тарбиявию ташкилӣ ва хоҷагидорӣ дар донишгоҳ як силсила тадбирҳо андешида шуда, дар ҳама самтҳо дастовардҳо рӯйи кор омаданд.