Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 баргузор карда мешавад
6 феврал дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон баргузор гардида, дар он ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 қадрдонӣ карда мешаванд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур.
Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст. Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият аз байни беш аз 40 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо муайян карда шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида мешавад.
Соли 2022 аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз байни 98 нафар довталабон 21 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ карда мешаванд.
Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2022», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2022», «Беҳтарин волонтёри соли 2022», «Беҳтарин корофари ҷавон дар соли 2022», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022», «Беҳтарин намояндаи маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар соли 2022», «Беҳтарин маҳфили доимамалкунандаи назди ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат дар соли 2022» ва «Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2022» дар назар дошта шудааст.
Ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида, 3000 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ҳамчун ғолиб муайян ва давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 10 нафар ғолибони озмуни мазкур низ дар ин маросим қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар маросим ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки як гурӯҳ сарояндаҳои машҳури мамлакат пешбинӣ гардидааст.