«Саноатсодиротбонк» ва Актиф Бонки Туркия масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Дар Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо ҳайати расмии Актиф Бонки Туркия вохӯрӣ доир гардид, хабар доданд дар бонки мазкур.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба кушодашавии суратҳисобҳои муросилотии «Саноатсодиротбонк» дар Актиф Бонк бо асъори хориҷӣ — доллари ШМА, евро ва юани чинӣ ба ҳайати Актиф Бонк баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки тадбир барои густариш додани ҳамкории мутақобилан судманди байнибонкӣ заминаи хубу боэътимод мебошад.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ, ҷойгиркуниҳои байнибонкӣ, амалиёти банкнотӣ ва гузаронидани пардохтҳои фаромарзӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки «Саноатсодиротбонк» ҳамчун бонки давлатӣ аз оғози фаъолият ҳамкории байналмилалиро самти афзалиятнок пазируфта, барои густариш додани кор бо бонкҳои хориҷӣ омода аст.

Ҷонибҳо барои рушд додани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE