Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони Ҳисор баъди боронҳои пуршиддат шинос шуд

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти кишоварзон, ҳолати заминҳои кишт ва боғҳои шаҳр баъд аз боронҳои пуршиддат ва пай дар пайи рӯзҳои охир шинос шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Ҳадафи сафари муовини Сарвазири мамлакат ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосили дар хоҷагиҳо парваришшуда ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши содироти маҳсулот ва захираи зарурии маводи ғизоӣ арзёбӣ гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо мавзеъҳое, ки дар онҳо манзили чанде аз сокинон зери об монда буд, инчунин ҷараёни корҳои тоза намудани сойе, ки бар асари бориш, обу лой аз соҳилҳояш баромада, ба мардум зарар расонидааст, шинос шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода муовини Сарвазири Тоҷикистон ба парвариши кирмак, кишти чигит ва ҳолати коркарди агротехникӣ, нигоҳубини боғи себ ва майдони сабзавот дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ таваҷҷуҳ намуда, оид ба нигоҳубини минбаъдаи онҳо ба деҳқонону боғпарварон маслиҳату тавсияҳои муфид дод.

Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат дар хоҷагиҳои «50-солагии Октябр» ва ба номи Латиф Муродов бо майдони ғаллазор, гармхонаҳо, парвариши Картошка ва фаъолияти чорводорон дар ферма шинос шуд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода барои ислоҳи камбудиҳое, ки дар хоҷагиҳо ба мушоҳида расиданд, ба мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE