Табодули таҷрибаи мутахассисони Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бо мақомоти дахлдори давлати Корея баррасӣ гардид

 29 август дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини директори Агентӣ Дилноза Аҳмадзода бо директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Ҷонг Миёнг доир гардид, хабар доданд дар ин агентӣ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ташкили даврҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони Агентии хизмати давлатӣ бо имконияти фаъолияти мақомоти дахлдори давлати Корея вобаста ба хизмати давлатӣ ва ҷалби мутахассисон ва омӯзгорони Корея ба даврҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро масъалагузорӣ намуданд. Ҳамзамон вобаста ба ин омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои дахлдор мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ изҳор дошт, ки дар шароити мусоир самаранокии идоракунии давлатӣ бе таъмини омодагии касбии хизматчиёни давлатӣ бо ихтисосҳои самти идоракунӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, қобилият ва салоҳиятнокии кории хизматчиёни давлатӣ вобаста ба иҷрои доираи васеи масъалаҳои уҳдадориҳои мансабӣ ғайриимкон аст.

Ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ бо ҷониби Корея тавассути барномаҳои таълимӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб дар самти таҳсил, аз ҷумла такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар бахшҳои магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Корея амалӣ мешавад.

Директори Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ тақвияти фаъолияти Агентии хизмати давлатиро бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) мувофиқи мақсад шуморида, вобаста ба тақвияти фаъолияти сохторҳои соҳавии Тоҷикистон ва Корея, имконияти мавҷуда ва фаъолияти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) ибрози назар намуд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE