Кумитаи телевизион ва радио барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунад

Барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои истиқоматии 12-ошёна бунёд карда мешавад. Ин матлабро Раиси Кумита Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.«Барои бунёди ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуда, лоиҳаи он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст»,-гуфт Раиси Кумита.Гуфта шуд, ки бино аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад.Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла рӯзноманигорон, коргардонҳо ва дизайнерон дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.Ҳамзамон таъкид гардид, ки тибқи нақша, соли 2023 4 корманд ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар самти таҳияи филмҳои аниматсионӣ ва 6 нафар барои таҳсили олии касбӣ дар соҳаи телевизион ва радио ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE