Дар роҳи Душанбе- Чаноқ ҳаракати нақлиёт ба ғайр аз мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо таъмин мебошад

Дар километрҳои 25 — 73-юми роҳи Душанбе- Чаноқ боришоти барф идома дошта, ҳаракати нақлиёт ба ғайр аз мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо таъмин мебошад. Дар ин хусус дар филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз километри 25 то 73- юми роҳи Душанбе — Чаноқ бориши барф идома дошта, кормандони филиал роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард менамоянд.

«Вобаста ба шиддат гирифтани бориши барф, бо мақсади эҷод накардани монеа ба гузариши дигар намуди нақлиёт, хосса мошинҳои сабукрав барои мошинҳои таъкидшуда маҳдудият ҷорӣ намудем»,-иброз доштанд дар филиали ширкат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE