Варзишгарони тоҷик дар намуди эстафетаи 4х400 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида дар намуди эстафетаи 4х400 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Мусобиқаи мазкур 10-12 феврал дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки беш аз 500 варзишгар аз 31 давлати қора баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат 7 нафар — Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода, Мирсаид Мирзозода намояндагӣ карданд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, ҳафтҳарба ва эстафетаи 4х400м рақобат карда, танҳо дар эстафета ҷои сеюмро гирифтанд. Ба дастаи Тоҷикистон Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода шомил буданд.
Дар масофаи 60м Фаворис Музрапов дар даври интихобӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 6.81 сония сеюм шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт. Фаворис бо ин натиҷа рекорди Тоҷикистонро дигар кард. Вале ӯ дар нимфинал натиҷаи 6.85-ро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Илдар Аҳмадиев бо сабаби лат бардоштан натавонист сабқат кунад.
Дар масофаи 400м низ бародарон Леонид ва Александ Пронженко то нимфинал рафтанд. Леонид инчунин дар ҳафтҳарба ва Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 800м сабқат карданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида мебошад.