Наҷотдиҳандагони тоҷик дар Қаҳрамонмараши Туркия дар маҷмӯъ 109 ҷасадро берун оварданд
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи корҳои наҷот дар вилояти аз офати табиӣ зарардидаи Қаҳрамонмараш фаъолияти худро идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар маҳаллаҳои таърихии маркази Қаҳрамонмараш воқеан ягон бинои обод боқӣ намондааст. Ба наҷотдиҳандагони Кумита муяссар шуд, ки дар ин ҷо се нафар (ду нафараш тифл)-ро бо ёрии асбобу таҷҳизот зинда пайдо карда, берун оваранд.
«Шабонарӯзи гузашта тайи 18 соати корӣ дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳо 31 ҷасадро ёфта, берун оварданд. Аз оғози корҳо ба наҷотдиҳандагони мо муяссар гардид, ки 109 ҷасадро аз зери тӯдаи оҳану бетон пайдо карда, берун оранд»,-гуфта мешавад дар иттилоия.
Бояд гуфт, ки наҷотдиҳандагон дар шароити хеле душвор кор мекунанд. Бо ёрии таҷҳизоти иктишофӣ ҷои зиндамондагонро ёфта, аз зери харобаҳо баровардан мумкин аст.
Илова бар ин, наҷотдиҳандагони тоҷик ба зарардидагон ёрии аввалин низ мерасонанд.