IRS: Ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин аст
Ҳаракати мошинҳои боркаш ва воситаҳои нақлиёти боркаши ядакдор дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки муваққатан маҳдуд шуда буд, дубора шуруъ гардид. Дар ин хусус аз Филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳоло дар ин масир бориши пуршиддати барф идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки кормандони IRS ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағзишу сӯзишворӣ дар ҳолати хуб аст. Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали ширкат сӯзишвори дизелӣ ва маводи зиддилағзиш захира шудааст.
Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ барқарор шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизмҳои филиали ширкат ба мавсими сармо пурра омода мебошанд.