Намояндагони Тоҷикистон бо ҷавонону варзишгарони тоҷики муқими шаҳри Қазон вохӯрӣ намуданд

Дар доираи баргузории мусобиқаҳои байналмилалии бисёрсоҳаи варзиш «Бозиҳои оянда», ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия идома доранд, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолият ва дастовардҳои Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон шинос шуда, бо ҷавонону варзишгарони муқими шаҳри Қазони Федератсияи Русия вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон Садриддин Тоиров ва дигар шахсони масъули ҷамъият иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ тақвияти фаъолият дар самтҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ, инчунин нигоҳ доштани урфу анъанаҳои миллӣ ва ташкилу амалӣ намудани чорабиниҳо дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷамъият беш аз 39 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 8 ҳазорашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тотористон беш аз 18 ҳазор тоҷикони муқимӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади иштироки ҷавонон дар барномаҳои фарҳангию варзишӣ бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон либосҳои миллӣ ва ба якчанд варзишгаре, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад менамоянд, либосҳои ягонаи варзишии Тоҷикистон тақдим гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE