Ифтитоҳи коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар

24.04.2023 15:30, шаҳри Бохтар

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд.

Коргоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 0,6 гектарро ташкил дода, аз долони қабули паранда, забҳхона, ҳуҷраҳои тозакунӣ, поракунӣ, банду баст, сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Технологияи васлу насбшударо, ки навтарин ва рақамӣ буда, тавассути компютер идора карда мешавад, бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи парандапарварӣ аз хориҷи кишвар ворид кардаанд.

Ин якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи ба кор андохтани коргоҳи мазкур беш аз 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар коргоҳ имкон аст дар як рӯз то 10 ҳазор сар паранда забҳ карда шавад. Сардхонаи иншоот аз 7 анбори мутобиқ ба талабот иборат мебошад ва сардӣ дар дохили ҳар кадоми он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегардад. Барои дастрас намудани паранда ва интиқол додани гӯшти он то ҷои лозима 7 нақлиёти махсус харидорӣ карда, мавриди истифода қарор додаанд. Ин намуди хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо корхонаҳои парандапарварӣ роҳандозӣ карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди он, ки бунёд гардидани чунин корхонаҳои замонавӣ дар зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сифатноки ватанӣ, хоса гушти паранда замина мегузорад, ба соҳибкор изҳори сипос намуданд.

Акнун парандапарварон дар минтақаи Бохтар имкон доранд аз хизматрасонии босифат дар самти забҳ ва банду басти паранда истифода намоянд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти гуштии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Бохтар дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти ватанӣ пешкаш карда шуд. Тибқи иттилоъ ҳоло дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 2 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуштӣ фаъолият мекунад. Корхонаҳо дар таъмини бозори истеъмолии минтақа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар дар амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат замина мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро барои афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании дорои сифати баланд ҳидоят намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE