Нишасти матбуотии ноҳияи Шоҳмансур доир гашт
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир гашт. Дар кори он раиси ноҳияи мазкур Билол Иброҳим, намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳия ва хабарнигорони ВАО-и кишвар иштирок намуданд. Дар оғоз раиси ноҳия Билол Иброҳим аз натиҷаҳои бадастомадаи соли 2022 дар соҳаҳои иқтисодиёту молия, содироту воридоти маҳсулот, хизматрасониҳои маишӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, соҳаи маориф, фарҳанг ва ҷавонону варзиш иттилоъ дод. Инчунин қайд намуд, ки дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ, тарабхонаву каҳвахонаҳо, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дигар коргоҳу марказҳо фаъолият менамояд.
Зимни суханронии Билол Иброҳим иброз гардид, ки шуъбаи маорифи ноҳия дар асоси нақшаҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимитяти давлатии ноҳия, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маориф кору фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ҳоли ҳозир 63 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ новобаста аз шакли моликият дар қаламравӣ ноҳия фаъолият менамояд, ки аз онҳо 57 муассиса ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Шумораи умумии хонандагон дар умум 53 547 нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ноҳияи Шоҳмансур чандин муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда дар наздиктарин муддат сохта ба истифода дода мешавад.
Бояд инро ҳам ёдовар шуд, ки барои таъмини босифат, самаранок ва саривақтии вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи нақшаи корӣ беш аз 145 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуд. Ҳамзамон миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва муассисаҳои истифодабарии манзилӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисоду саноат дар самти татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зиёда аз 159 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудаанд.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе