Гурӯҳи кории Комиссияи ФФТ аз вазъи дастаҳои “Регар-тадАЗ”, КМВА ва “Шодмон” боздид кард
Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов шиносоӣ бо корҳои омодагии дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистонро ба мавсими нави футбол идома медиҳад.
Ҳайати ФФТ аз бошгоҳҳои лигаи олии кишвар – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва КМВА-и Душанбе дидан кард. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрам – тайёрии дастаҳо ба мавсими нави футбол муҳокима шуданд.
Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин аз варзишгоҳҳои «ТАЛКО-Арена» ва КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки дар он бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» ва КМВА бозиҳои хонагии худро мегузаронанд.
Комиссияи кории ФФТ дар асоси натиҷаи боздиди санҷишӣ ба бошгоҳҳои футбол барои ислоҳи камбудиҳое, ки бояд то мавсими нав бартараф карда шаванд, тавсия дод.
Илова бар ин, ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз ба шаҳри Ҳисор сафар карда, бо раиси шаҳр Қосим Роҳбар мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҷонибҳо дар бораи омодагии дастаи «Шодмон» ва таъмири ду варзишгоҳи шаҳр – «Ҷавонӣ» ва Марказӣ ба мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон сухан карданд. Раиси шаҳри Ҳисор қайд кард, ки дар назди дастаи «Шодмон» вазифа гузошта шудааст, ки марҳила ба марҳила, давоми ду-се сол ба лигаи олии Тоҷикистон баргардад.