Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Зимни ҷаласаи якуми комиссияи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминларза  тобовар марҳилаи аввали фаъолияти гурӯҳҳои корӣ  баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2023 пас аз заминларзаҳои рӯзҳои охир дар Туркия ва Сурия бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ зимни баргузории маҷлиси васеи Ҳукумат супориш дода буданд, ки намояндагони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташудаи Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ назоратро ҷиҳати вусъат додани бунёду таҷдиди иншооти ба нақша гирифта, суръат ва сифати корҳои сохтмон, инчунин ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо ҷоннок намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE