Ҷаласаи маҷозӣ бо Сафирони Тоҷикистон доир гашт

20-21 феврали соли 2023 таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода нишасти кории маҷозии муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни он, ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, саноат, сайёҳӣ ва энергетикаи шаҳр дар соли 2022, дастовардҳо ва имконияту мушкилиҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ибрози ақида намуданд. Ҳамчунин, иштирокдорон ба мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва татбиқи бомароми ҳадафи чоруми стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, бадин васила ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Душанбе дар давоми солҳои рушди саноат 2022-2026, зарурати гирифтани иқдомҳои навбатии муштаракро дар соли 2023 махсусан таъкид карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE