Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза бо панҷ пасларза ба амал омад
Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки паси он 5 пасларзаи дигар ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар 66-ум километри ҷанубу ғарби Мурғоб воқеъ буд. Дар ин хусус Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дод.
Заминларза соати 05:37 дақиқаи субҳ дар умқи 20 километр бо қувваи 6,8 дараҷа ба амал омадааст.
Пасларзаи аввал соати 05:55 дақиқа 82 км дур аз Мурғоб дар умқи 60 км бо қувваи 5 дараҷа ба қайд гирифта шуд.
Такони дуюм бо қувваи 4,6 дараҷа соати 06:06 дақиқа 104 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 10 км рух дод.
Пасларзаи сеюм соати 06:35 дақиқа 65 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 18 км ба қайд гирифта шудааст. Қувваи он 4,9 дараҷа мебошад.
Паслазраи чорум соати 07:07 дақиқа 58 киллометр дур аз Мурғоб ба амал омада, қувваи он 4,8 дараҷаро ташкил дод.
Панҷум пасларза соати 07:18 дақиқа 54 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 60 км ба амал омада, қувваи он 4,7 дараҷа буд.