Нахустин ҷоми Эрик тен Ҳаг дар Манчестер Юнайтед
Манчестер Юнайтед дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Лигаи Англия тими Нюкаслро ба шикаст ру ба ру карда, нахустин Ҷоми худро дар мавсим ба даст овард. Дидори дастаҳо хеле ҷолибу пурҳаяҷон сурут гирифта, бо пирузии комили шогирдони Эрик тен Ҳаг ҷамбаст гардид.
«Манчестер Юнайтед» зери роҳбарии Эрик тен Ҳаг ба нахустин дастоварди худ ноил гардид. Ин даста дар финали мусобиқаи Ҷоми Лигаи Англия бо тими «Ньюкасл» андари майдони рақобат шуда, онро бо натиҷаи 2:0 мағлуб кард. Рақобати ин дастаҳо дар варзишгоҳи Уэмблии шаҳри Лондон сурат гирифта, бо пирузии тими МЮ ҷамбаст гардид. Нахуст дар дақиқаи 33-юм Каземиро ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфт. То анҷоми нимаи аввал Рэшфорд низ ба номаш як голи дигар сабт намуда, ҳисобро ба 2:0 баробар кард. Каземиро на танҳо гол зад, балки дар хати ҳимоя низ хеле хуб бозӣ кард. Ҳарчанд “Ньюкасл” бештар тубро идора мекард, аммо лаҳзаҳои хатарнок дар назди ҷаримагоҳи дастаи МЮ хеле кам мушоҳида мешуд ва ин хидмати бузурги Каземиро буд. Маҳз ҳамин саҳми беандозаи ӯ дар ин дидор буд, ки унвони беҳтарин бозингари рақобатро соҳиб шуд. Гол ба дарвозаи «Ньюкасл» барои Каземиро панҷумин голи ӯ дар ҳайати «Манчестер Юнайтед» дар ин мавсм буд. Ҳамин тариқ футболбозони Манчестер Юнайтед бо ин пирузӣ таҳти роҳбарии Эрик тен Ҳаг Ҷоми Лигаи Англияро ба даст оварда, аз пирузии худ ҷашн гирифтанд. Дарвозабони МЮ Давид Де хеа бошад дар ҳайати дастаи англис бозии 181-уми беголи худро ба қайд гирифт, ки ин рекорди дарвозабони достон Шмехелро шикаст. Петер Шмехел дар ҳайати дастаи Манчестер Юнайтед бо 180 дидори бидуни гол рекордсмен буд. Эрик тен Ҳаг бошад ҳаштумин сармурабии МЮ гардид, ки бо ин даста Ҷоми лигаи Англияро ба даст овард.
Мижгонаи Насриддин,
Садои Душанбе