Исматулло Насредин бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот кард

14 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE