Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон

27 феврали соли 2023 дар Остона мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо як қатор масъалаҳоро оид ба омодагӣ ба мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE