Медали тиллоӣ Эмомалӣ Нуралӣ дар Tashkent Grand Slam 2023

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони хушноми тоҷик дар финали мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tashkent Grand slam- 2023 Сардор Нуриллаеви мизбонро дар вазни то 66кг мағлуб карда, соҳиби мақоми аввал, нишони тилло ва 5000 евро гардид.
Бояд зикр кард, ки Эмомалӣ Нуралӣ дар даври аввали мусобиқа ҳарифаш Ҳаким Агамамедов аз Туркманистонро бе мушкилӣ мағлуб карда, дар даври дуюм бо мизбони мусобиқа Бобур Вадҷиев вориди рақобат гардид. Варзишгари мо зимни як рақобати сахту сангин (нафасгир) паҳлавони ӯзбекро низ шикаст дода, дар қисмати чорякниҳоӣ Валид Хюар-и фаронсавиро аз сари роҳаш дур кард.
Дар даври нимниҳоӣ (1/2 финал) боз ҳам варзишгари дигари Ӯзбекистон Муҳриддин Тиловов ба муқобили Эмомалӣ ба майдон баромада, ӯ низ мисли Бобури ҳамватанаш шаҳди бохтро чашид.
Ёдовар мешавем, ки Сардор Нуралиев, ки Эмомалӣ Нуралӣ бар ӯ ғолиб омад дар корномааш соли 2021 дар Tblisi Grand Slam соҳиби нишони тилло шуда буд.
Дар рӯзи якуми мусобиқаи номбурда, Тоҷикистонро 5 ҷудокор Шукрона Қарчиева (-48 кг), Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) ва Шаҳбозу Эмомалӣ зери вазни то 66 кг намояндагӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE