Фирӯз Каримзода “Аълочии ифтихории маориф ва илм” шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши идона доир гардид. Дар ҷамъомад вобаста ба фаъолияти назарраси рӯзноманигори муваффақ, ки дар ҷодаи матбуот, радио ва телевизион фаъолияти назаррас доранд, бо унвони “Ифтихорнома” – ву дигар ҷоизаҳои соҳавӣ сарфароз гардиданд.

Зимни супоридани унвону сипосномаҳо аз ҷониби вазоратҳои фарҳангу маориф ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе” – и Радиои Тоҷикистон Каримзода Фирӯз бо унвони “Аълочии ифтихории маориф ва илм” қадрдонӣ шуд. Унвонро ба Фирӯз Каримзода муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳамаддовуд Саломиён тақдим карданд.

Каримзода Фирӯз Муссо 18 октябри соли 1981 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1999 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 – и ҳамин ноҳияро хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2005 ин боргоҳи илмро хатм кард.

Фирӯз Каримзода аз соли 2006 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мухбир,муҳаррири варзида, котиби масъул, муовини сармуҳаррир кр кардааст ва ҳоло сармуҳаррири шабакаи” Садои Душанбе” мебошад.

ӯ аз соли 2008 узви ҲХДТ аст. Каримзода Фирӯз оиладор буда, як фарзанд дорад. Барои саҳми босазо дар рушди журналисика ва хизматҳои шоиста бо унвонҳоии ифтихории “Аълочии телевизион ва радио”, “Аълочии фарҳанг” ва “Аълочии  ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ” қадрдонӣ шудааст.

Аз идора: Мо – ҳайати эҷодиву техникии шабакаи “Садои Душанбе” ин дастоварди ифтихориро ба сармуҳаррири шабака муборакбод мегӯем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE