Ятимон зерии ғамхории давлат қарор доранд. Иқдоми наҷиб дар арафаи ҷашни Наврӯз
Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба се ятими кул аз як оила дар деҳаи Суфиёни ҷамоати Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат манзили нави истиқоматӣ тақдим карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Манзили истиқоматӣ аз 4 ҳуҷра, долон, ошхона ва ҳаммом иборат буда, бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосир барои зиндагӣ таъмин мебошад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамзамон онҳоро бо сару либос ва маводи хӯрокаи якдафъаина таъмин намуд.
Зимни супоридани манзили истиқоматӣ тазаккур дода шуд, ки имрӯз ятимону бепарасторон ва камбизоатон танҳо нестанд ва онҳо зери сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ҳамчунин барои бо неруи барқ таъмин намудани деҳа аз ҷониби соҳибкор маблағ дар ҳаҷми 6 600 сомон ҷиҳати харидории симчӯбҳои оҳанӣ ҷудо карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромада, пайваста бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдомҳо карда мешаванд.