Дар вилояти Суғд Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 150 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 109 майдончаи варзишӣ, 36 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 корти теннис ва 2 маҷмааи варзишӣ ба маблағи қариб 70 миллион сомонӣ бунёд гардид, ки ба пешбурди фаъолияти варзишгарон, нигаҳдории сиҳатии омма ва беҳдошти зиндагии мардум, бахусус ҷавонон мусоидат менамояд. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи варзишгарон (10 август) дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки варзишгарон, собиқадорони соҳа ва ҳаводорони варзиш доир гардид, баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Таъкид гардид, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонону варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумат иқдоми зарурӣ амалӣ мешаванд.

Сокинони вилоят, хусусан ҷавонон варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим кӯшиш менамоянд. Муносибати ҷомеа ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ беҳтар шуда, иштироки фаъолонаи сокинони вилоят дар чорабиниҳои варзишӣ аз мавқеи ояндабинии мардум ва ҷонибдории онҳо аз тарзи ҳаёти солим дарак медиҳад.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати варзишгарон, мураббиён ва кормандони соҳа ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ шуда, барои фароҳам овардани имконияти мусоиди тамрину машқ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят беш аз 2900 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон сабт шудаанд, ки инҳо 49 варзишгоҳ, 2000 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо амал менамоянд.

Баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Ташкили мусобиқаҳои вилоятӣ аз намудҳои футбол, шоҳмоту шашка, тенниси рўи миз ва волейбол байни варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони он барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд яке аз чунин чорабиниҳо аст, ки дар онҳо 750 варзишгар иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби вилоят, ки аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дар ҳайати 1910 нафар варзишгар, аз онҳо 400 нафар духтарон таъсис ёфтааст, дар 54 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба гирифтани 303 медали тилло, 378 медали нуқра ва 402 медали биринҷӣ шарафёб гардид. 469 варзишгар ба 21 мусобиқаи байналмилалӣ ҷалб шуда, ба хазинаи варзишии вилоят 320 медал, аз ҷумла 144 медали тилло, 78 нуқра ва 98 биринҷӣ ворид намуданд.

Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб мешаванд. Аз ҷумла, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев аз рӯи намуди ҷудо ва бокс дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҷойҳои ифтихориро сазовор шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, ки мояи ифтихори ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони сарбаланди вилоят ва устодони онҳо барои расидан ба ҳадафҳои наҷиб кӯшиш намуда, маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда равона менамоянд.

Дар ҳамоиш ба як зумра устодону мураббиён ва варзишгарони вилоят «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE