«Тоҷиксемент» — корхонаи нави истеҳсоли семент дар Душанбе ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ наменамояд

То охири соли равон фаъолияти Корхонаи сементбарории «Душанбе», ки солҳои дароз (аз соли 1942) кор кардаву фарсуда шуда, ба муҳити зисти пойтахт ва экология таъсир мерасонад, манъ карда мешавад. Дар ин хусус зимни ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент», ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Хотиррасон мешавем, ки корхонаи нави сементбарорӣ аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ наменамояд ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак ё филтр буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода мешавад.

Корхонаи мазкур дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол мешаванд.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли сементи сулфат ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили неругоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳо истифода мешавад.

Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз маҳалли ҷойгиршавии иншооти муҳими саноатӣ дар ҳамин ҷо ба роҳбарияти корхона супориш доданд, ки ба хотири таъмини тозагии экологӣ, озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи табиат ва ободонию сабзазоркунӣ дар атроф ва ҳудуди корхона 250 ҳазор бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE